Сомонаи пешина | Пш, 16 Август 2018 | 23:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Конфронс бахшида ба 140-солагии С. Айнӣ

 

12 апрели соли 2018 дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев Конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба 140-солагии асосгузори адабиёти муосир, қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Дар конфронс сармутахассиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон А. Самиев ва намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок намуданд. 
Дар чорабинӣ хонандагони мактаб-интернат оид ба ҳаёт ва эҷодиёти С. Айнӣ маърузаҳо карданд, аз ашъори ӯ порчаҳо қироат намуданд ва аз асарҳои «Мактаби куҳна» ва «Марги судхӯр» саҳнаҳо намоиш доданд.

Дар фарҷоми конфронс «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон», ки чанде пеш дар муассисаи мазкур шуруъ шуда буд, ҷамъбаст гардида, иштирокчиёни фаъол ва беҳтарин хонандагони китоб бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадр карда шуданд.