Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 03:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нахустнамоиш дар театри навтаъсис

 

Дар Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона»-и шаҳри Қурғонтеппа, ки театри навтаъсис аст, маросими ифтитоҳи фаъолияти театр ва нахустнамоиши намоишномаи кӯдаконаи «Подоши амал» баргузор гардид.

Муаллиф ва коргардони намоиши мазкур ҳунарпешаи шинохта Абдураҳим Абдураҳмонов мебошад. Нақшҳои асосиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев, Корманди шоистаи Тоҷикистон Холмирзо Сангинмуродов ва дигарон иҷро кардаанд. 

«Подоши амал» асари тарбиявӣ дар бораи писараки мактабхон бо номи Шодӣ буда, насли хурдсолро ба некукорӣ ва ростгӯӣ даъват мекунад.