Сомонаи пешина | Пш, 19 Июл 2018 | 01:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нашрияи серхонандатарини Тоҷикистон кадом аст?

6 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе натиҷаи тадқиқоти Муайян намудани афзалиятҳои медиавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо» муаррифӣ гардид.

Тадқиқоти мазкур лоиҳаи муштараки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» буда, аз декабри соли 2017 то феврали соли 2018 аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» гузаронида шудааст. Дар маҷмӯъ, дар он зиёда аз ду ҳазор нафар посухдиҳандагон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Аз рӯи раддабандӣ аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (34%) мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Омӯзгор» (23,8%) ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи «Минбари халқ» (22,2%) ҷойгир шудаанд.

Раддабандии маҷаллаҳо ба раддабандии рӯзномаҳо монанд аст, яъне дар қатори аввал маҷаллаҳои давлатӣ қарор доранд. Аз ҳама теъдоди зиёди нашрро маҷаллаи занон- «Бонувони Тоҷикистон» (44,9%) дорад. Маҷаллаи дуюми маъруф маҷаллаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дин ва ҷомеа» (10,4%) ва дар ҷойи сеюм маҷаллаи Вазорати фарҳанг бо номи «Фирӯза» (5,2%) меистанд.

Тамошобинони тоҷик аз ҳама бештар шабакаи телевизионии «Сафина»-ро тамошо мекунанд. Инро 60,1 %-и пурсидашудагон дар тадқиқоте, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» гузаронида шуд, тасдиқ кардаанд. Ин омор имрӯз зимни муаррифии Ҳисоботи тадқиқотии «Муайян намудани афзалиятҳои медиавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр гардид.

Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқот, дар ҷойи дуюм шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» (собиқ Шабакаи якум) бо 50,1% ва дар ҷойи сеюм ТВ «Баҳористон» бо 30,5% қарор гирифтаанд.
Пас аз шабакаҳои телевизионии ватанӣ дар ҷои аввал шабакаҳои телевизионии Россия меистанд, ки дар ҷадвали афзалиятҳо 18,3%-ро ишғол менамоянд. Бояд зикр намуд, ки шабакаҳои телевизионии Россия на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми фазои пасошӯравӣ рейтинги баланд ишғол мекунанд. Пас аз Россия бо 9,7% шабакаҳои телевизионии ӯзбекӣ қарор гирифтаанд.

Тибқи тадқиқоти ин марказ, дар миёни радиоҳои маҳбубтарин Радиои «Садои Душанбе» (28%) мавқеи аввалро касб карда, дар ҷойи дуюм Радиои Тоҷикистон (17,4%) ва дар ҷойи сеюм Радиои фарҳанг (5,3%) қарор гирифтаанд.

Зимни муаррифӣ таъкид шуд, ки шумораи шабакаҳои гирифтани иттилоот, ғайр аз ВАО-и анъанавӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Дар ҷойи аввал ТВ ватанӣ (57,2%), дар ҷойи дуюм интернет (11,5%) қарор дорад.

38,4 фоизи пурсидашудагон аз интернет истифода мебаранд. Интернетро аз ҳама бештар сокинони ВМКБ-60,6 фоиз истифода мебаранд. Ин нишондиҳанда дар миёни сокинони Душанбе 56,3 фоизро ташкил дод.

Истифодабарандагони асосии интернет ва дигар навъҳои муосири алоқаи оммавӣ ва технологияҳои муосир (мессенҷерҳо, почтаи электронӣ) ҷавонони аз 18 то 35-40 сола мебошанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки насли нисбатан калонсол ба ВАО-и анъанавӣ талабот дорад.