Сомонаи пешина | Пш, 19 Июл 2018 | 01:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар рӯзҳои истироҳат аз барномаҳои фарҳангӣ дар боғҳои шаҳри Душанбе баҳра баред

7 апрели соли 2018 дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе аввалин барномаҳои консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ шуруъ мегарданд.

Соати 16:00 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии Садриддин Айнӣ ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, дар боғи «Парчами давлатӣ» ҳунарпешаҳои Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», дар боғи «Ирам» наврасон ва кӯдакони Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон, дар боғи « Устод Рӯдакӣ» санъаткорони Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодиву консертӣ» барномаи ҷолиби фарҳангиро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд. 

Баргузории барномаҳои консертӣ ва намоишҳо рӯзи якшанбе – 8 апрели соли 2018 ва ҳар рӯзҳои истироҳат то 4 ноябри соли 2018 дар назар аст. 

Иқдоми мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шудааст.