Сомонаи пешина | Пш, 16 Август 2018 | 23:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории семинарии ҷумҳуриявии «Китоб - равшангари дилҳо»

6-7 апрели соли 2018 соати 10:00 дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар мавзуи «Китоб - равшангари дилҳо» бахшида ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Дар рафти семинар мавзуҳои муҳими соҳа мавриди муҳокима қарор гирифта, лоиҳаи «Системаи бақайдгирӣ ва муроҷиати электронии истифодабарандагони китобхона» муаррифӣ мегардад.

Инчунин сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбон Ғуломзода дар мавзӯи «Вазифаи асосии «Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ва муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов дар мавзӯи «Нақши китобхонаҳо дар тарбияи маънавии ҷомеа» гузориши худро манзури иштирокчиёни семинари ҷумҳуриявӣ менамоянд.