Сомонаи пешина | Пш, 13 Декабр 2018 | 01:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баҳри рафъи камбудиҳо

4 апрели соли 2018 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва сардори муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Қурбон Ғуломзода барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади беҳбудии вазъи китобхонаҳо ба якчанд китобхонаҳои шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Аз ҷумла, Вазири фарҳанг аз Китобхонаи муосири пойтахт, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар дидан намуданд. 

Зимни шиносоӣ бо фаъолият ва тарзи корбарии кормандон ва суҳбат бо онҳо чанд камбудӣ ошкор шуд. Аз ҷумла, ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани баъзе китобхонаҳо, норасоии мутахассисони соҳа ва ғ. 

Дар рафти мулоқот бо роҳбарият ва кормандони китобхонаҳо масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тарзи кор бо технологияҳои муосир, ҷобаҷогузории фонди китобӣ, таъминот бо адабиёти тозанашр ва матбуоти даврӣ, таҳияи феҳрист, ташкили чорабиниҳо, баргузорӣ ва иштирок дар дарсҳои омӯзишӣ, ҷалби ҷавонон ба кор, хизматрасонии китобӣ тариқи интернет ва монанди инҳо мавзӯи асосии суҳбат ва суолу ҷавоб буданд. 

Аз ҷумла, тавсия дода шуд, ки он кормандоне, ки мутахассисони ғайрисоҳавӣ ҳастанд, дар Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг ба номи П. Бӯйдоқов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар бахши китобдорӣ таҳсил намоянд. 

Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар омодагии муассиса ба баргузории семинарии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Сайри китоб» бахшида ба фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» муҳокима гардиданд.