Сомонаи пешина | Пш, 19 Июл 2018 | 01:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

 

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба хизмати давлатӣ ҷиҳати ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

1. Сармутахассиси шуъбаи аудити дохилӣ, таҳсилоти олии иқтисодӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст, 1004 сомонӣ;

2. Мутахассиси пешбари раёсати табъу нашр ва матбуот, таҳсилот олии рўзноманигорӣ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст 847 сомонӣ;

3. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, таҳсилот олии соҳаи таърихшиносӣ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст 847 сомонӣ;

4. Мутахассиси раёсати табъу нашр ва матбуот, таҳсилот олии рўзноманигорӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст 696 сомонӣ;

5. Мутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста, таҳсилот олии иқтисодӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст 696 сомонӣ;

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо (дар муҳлати 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун)

Эзоҳ: Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, маҳорати кор кардан бо компютер ва таҷрибаи кофии корӣ аз рўи ихтисос зарур мебошад.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо ва баргузории озмун:
734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 34, тел. 223-19-71 ва 221-04-23