Сомонаи пешина | Пш, 19 Июл 2018 | 01:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки ҳунарпешаҳои тоҷик дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Ҷопон

 

2 апрели соли 2018 ҳунарпешаҳои тоҷик барои иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба Ҷопон сафар намуданд.

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Токио ва Ткусубаи Ҷопон аллакай шуруъ шуда, то 7 апрел идома меёбад.

Дар чорабинӣ гӯшаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, суннатҳои наврӯзӣ ва анъанаҳои миллии кишвар ташкил карда шудаанд.

Дар барномаи консертӣ ҳунарпешаҳои шинохтаи тоҷик Сироҷиддин Ҷӯраев, Мадина Ақназарова ва Фирдавс Ҳошимов ҳунарнамоӣ карданд.