Сомонаи пешина | Шб, 21 Апрел 2018 | 16:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Наврӯз дар Коллеҷи рассомӣ

30 марти соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» бахшида ба ҷашни Наврӯз, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии адабӣ-бадеӣ доир гардид.

Дар ҷашн меҳмонон аз Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Хукумати ноҳияи Фирдавсӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷураев ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд. 

Меҳмононро дар даромадгоҳи саҳни ҳавлии коллеҷ бо овози карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» Сироҷиддин Ҷӯрахонов ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфт.

Саҳни ҳавлии муассиса ба таври идона ороста шуда, ҳар як шуъба гӯшаи худро дошт. Гӯшаҳо бо маҳсули эҷодии омӯзгорону донишҷӯён ва дастурхони идонаи ҳафт сину ҳафт шин оро дода шуда буданд. Мусаввараҳои рассомон аз қабили манзараҳо, композитсияҳои эҷодӣ, асарҳои графикӣ ва ороишӣ–амалӣ, наққошиҳо (кундалҳо), кандакориҳо, гобелен (бофандагӣ), маҳсулоти заргарӣ ва тарроҳӣ зеби гӯшаҳои идона буданд, ки аз онҳо меҳмонон дидан намуданд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва тамсилаҳои муд, ки ташаббуси устодону донишҷӯёни муассиса аст, ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.

Дар чорабинӣ инчунин барномаи фарҳангӣ, ки иборат аз рақсу суруд ва қироати шеърҳо дар тараннуми Баҳору Наврӯз буд, манзури меҳмонон гардид. Ҳунарнамоии хонандагони Мактаб-интернати махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, Ҳунармандони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ ва Қобилҷон Зарипов ба ҳусни чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд. 

Дар рафти чорабинии Наврӯзӣ озмуни «Газетаҳои беҳтарин», мусобиқаҳои варзишӣ ва расмкашӣ баргузор гардиданд. Донишҷӯён таҳти мусиқӣ дар саҳна расм кашиданду варзишгарон қувваозмоӣ намуданд. 

Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибони озмун, иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ ва фаъолони таълим аз тарафи маъмурият бо Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» Сироҷиддин Ҷӯрахонов барои ҳамкориҳои судманд ба ҳамаи меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ арзи сипос намуда, бори дигар онҳоро ба ҷашни Наврӯз табрику таҳният гуфт.

Ҷашни Наврӯзии коллеҷи рассомӣ хеле хотирмон буд.