Сомонаи пешина | Пш, 19 Июл 2018 | 01:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Осорхонаи Мусаввар Минаков дар ноҳияи Рӯшон дар тарбияи хештаншиносии наврасону ҷавонон саҳмгузор аст

 

Осорхонаи деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон бо ташаббуси ҳофиз, Арбоби маданияти Тоҷикистон Мусаввар Минаков соли 2008 таъсис дода шудааст, ки дар он суратҳои қадимиву одамони баруманди диёр, асбобҳои мухталифи мисиқӣ, кӯзаву лавозимоти қадимӣ, коркарди пашм, чӯб, палос, гилем ва расмҳои кашидаи рассомони номии Тоҷикистон, китобҳои тақдимшуда, либосҳои  қадимӣ, ҷӯробу курта, ашёҳои қадимӣ, аз қабили  белу табақ, қошуқу пиёлаҳои чӯбин ва  дигар асбобу анҷоми хоҷагии қадимӣ ҷамъ оварда шудаанд.

Мудири осорхона Нуриддин Минаков пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 сармашқи кори худ карда, нигораву бозёфтҳои зиёде ҷамъ овардааст. Ӯ ният дорад, ки бинои осорхонаро, ки фақат аз як хонаи урфӣ иборат аст, дар оянда  васеътар намуда, бо ин мақсад таърихи диёрро бештар омӯзад. Зеро паҳлӯҳои зиёди таърихи диёр ҳанӯз норавшан мондаанд ва мебояд онҳоро омӯхта, пешкаши ҳаводорону меҳмонон гардонид.

«Хушбахтона, солҳои охир бисёр сайёҳони хориҷӣ аз осорхона дидан мекунанд. Ҳамчунин осорхона дар тарбияи хештаншиносии наврасону ҷавонон саҳмгузор буда, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 аз он ба таври васеъ истифода мекунанд. Вазифаи ҷонии худ медонам, ки кори оғозкардаи падари бузургворамро идома дода, теъдоди нигораву бозёфтҳои осорхонаро афзун гардонам»,- гуфт Нуриддин Минаков.

Ба иловаи ташкили кори осорхона, Нуриддин Минаков ба сохтани асбобҳои мусиқӣ, мизу курсӣ ва дару тиреза машғул буда, дар ривоҷи коркарди чӯб низ саҳми арзанда мегузорад. Рубобу сетор, танбӯру дафи сохтааш алҳол зеби осорхона шуда, бештари онҳо аз ҷониби ҳаводорони санъати мусиқӣ харида  мешаванд.

АМИТ «Ховар»