Сомонаи пешина | Шб, 21 Апрел 2018 | 16:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Гулкории саҳни бинои Вазорати фарҳанг

31 марти соли 2018 тамоми кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон анъанаи неки наврӯзӣ – баргузории шанбегиҳоро идома дода, дар саҳни ҳавлии бино ҳашар ташкил намуданд.

Кормандон саҳни биноро рӯбучин карда, заминро нарм намуданд ва гулҳои рангоранг шинониданд. 

Дар маҷмӯъ саҳни ҳавлии Вазорати фарҳангро наздики 800 дона гулҳои гуногун зеб доданд.