Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 08:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фестивали Наврӯзӣ ва 5-солагии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

 

31 марти соли 2018 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯз, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 5-солагии таъсисёбии донишкада Фестивали Наврӯзӣ баргузор гардид.

Дар ҷашнвора Вазири фарҳанги Ҷумҳрии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода, роҳбарияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд. Меҳмононро дар даромадгоҳи саҳни ҳавлии Донишкада бо овози карнаю сурнай пешвоз гирифтанд.

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз ва панҷсолагии таъсисёбии муассиса табрик гуфт. 

Саҳни ҳавлии муассиса ба таври идона ороста шуда, ҳар як кафедра гӯшаи худро дошт. Гӯшаҳо бо маҳсули эҷодии омӯзгорону донишҷӯён ва дастурхони идонаи ҳафт сину ҳафт шин оро дода шуда буданд. Мусаввараҳои рассомон аз қабили манзараҳо, натюрмортҳо, композитсияҳо иэҷодӣ, асарҳои графикӣ ва ороишӣ– амалӣ, наққошиҳо (кундалҳо), кандакориҳо, гобелен (бофандагӣ) ва лоиҳаҳои дизайнерӣ зеби гӯшаҳои идона буданд, ки аз онҳо меҳмонон дидан намуданд. 
Растаҳои ҳунармандон – намоишгоҳи зинда, ки ташаббуси нави устодону донишҷӯёни муассиса аст, ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид. Дар растаҳо ҳайкалтарошон, наққошон, заргарон, тарроҳон ва тарроҳони либос маҳсули эҷоди худро гузошта,бевосита худ бо эҷод машғул буданд. Ин ба тамошобинон имкон дод, ки тарзи омода намудани маҳсулотро бубинанд. Ба иттилои ректори муассиса Ҷамшед Ғанизода намоишгоҳи мазкур минбаъд такмил дода шуда, барои тамоми хоҳишмандон дари худро боз мекунад.

Дар чорабинӣ инчунин барномаи фарҳангӣ , ки иборат аз рақсу суруд ва қироати шеърҳо дар тараннуми Баҳору Наврӯз буд, манзури меҳмонон гардид. Рақси баҳории донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, ки армуғони идонаи як муассиса ба муассисаи дигар буд, ба ҳусни чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд. Инчунин тамошобинон аз рақси наврӯзии хурдтарин иштирокчии Маркази бачагонаи рассомии назди Донишкада Нозанин Зоирова, ки ҳамсоли Донишкада, яъне 5-сола аст, завқ бурданд.

Дар рафти Фестивали Наврӯзӣ озмуни тахассусии расмкашӣ таҳти унвони «Баҳори нозанин» баргузор гардид. Донишҷӯён таҳти мусиқӣ дар саҳна расм кашиданд. Дар озмуни мазкур донишҷӯи курси сеюми ихтисоси дизайни дохили бино Мунираи Латиф ғолибият ба даст овард. 
Фестивали намоиши тамсилаҳои муд, ки аз ҷониби донишҷӯёни ихтисоси «Дизайни либос» тарҳрезӣ ва дӯхта шудаанд, идомаи чорабинӣ буда, аз ҷониби тамошобинон бо кафкӯбиҳои пурмавҷ пазироӣ гардид. Зиёда аз 30 нафар донишҷӯён коллексияҳои беҳтарин ва диққатҷалбкунандаи худро, ки аз 90 намунаҳоилибос иборат буд, манзури тамошобинон намуданд. Дар намоиш 23 коллексияҳоишахсӣ, 3 коллексияҳои гурӯҳӣ ва 5 модели «Маликаи Наврӯз» пешниҳод гардид. Қайд кардан зарур аст, ки дар ташкили чунин намоиши ҷолиб маҳз устодон-тарроҳони шинохтаи ҷумҳурӣ, ба монанди Маргарита Сотникова, Шоира Эсоналиева, Маҳфуза Алимардонова ва дигарон саҳми арзанда гузоштанд.

Дар фарҷоми ҷашнвора иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ ва фаъолони таълим бо Ифтихорнома ва Сипоснома қадрдонӣ гардиданд. Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода барои ҳамкориҳои судманд ба директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода Ифтихорнома ва ба унвони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Сипоснома супорид. 

Фестивали Наврӯзии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хеле хушу хотирмон гузашт.