Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 14:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ғолибони озмун қадрдонӣ карда шуданд

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 140-умин солгарди зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ Озмун дар мавзӯи «Беҳтарин мақола ва шеър дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ» эълон намуда буд. Дар доираи баргузории чорабиниҳои Рӯзи матбуот озмуни мазкур натиҷагирӣ гардид. Муҳаммад Ғоиб барои шеъри «Айнӣ» сазовори ҷои якум, Абдулҳамид Самад барои мақолаи «Раҳнамои миллати тоҷик» ва Абдураҳмон Абдуманон барои мақолаи «Руъёҳои шоирона дар «Ёддоштҳо» сазовори ҷои дуюм ва сармуҳаррири маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» Мираҳмадов Абдуфаттоҳ сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Дар ҷаласаи Рӯзи матбуоти тоҷик, ки дар дар толори Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» ба таърихи 12 март баргузор гардид, . ба ғолибони озмун мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.