Сомонаи пешина | Шб, 21 Апрел 2018 | 16:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нақши матбуот дар ташаккули афкори ҷомеа муҳим аст

 

Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик 12 марти соли 2018 дар толори Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» бо иштироки намояндагони васоити ахбори умум ва табъу нашр ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласаро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, ҳамаи намояндагони васоити ахбори умум, матбуот ва табъу нашрро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфт.

- Дар ҷомеаи демократӣ матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа буда, нақши он баҳри расонидани иттилооти воқеӣ, раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ мегардад, - зикр намуд Ш.Орумбекзода. 
– Дар раванди ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии воситаҳои ахбори омма ин баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, дастгирӣ ва рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии тоҷикистониён мебошад. Матбуот ҳамчун инъикосгари манфиатҳои давлат бояд воситае бошад байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа, чунки он ба ҳайси оинаи миллат дар баррасиву муаррифии тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад ва он қодир аст бо сухани созандаву саривақтӣ ва саҳеҳу нишонрас рисолати худро дар назди халқу ватан сарбаландона иҷро намояд, - таъкид намуд вазири фарҳанг.

Ба ифтихори Рўзи матбуоти тоҷик аз номи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муваффақият ва комёбиҳои назаррас, тарғибу ташвиқ ҷиҳати рушду нумўи соҳаҳои фарҳангу матбуот, ҳамзамон татбиқ намудани нақшаю барномаҳои сиёсати фарҳангии кишвар беш аз 30 нафар кормандони васоити ахбори умум бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», 20 нафар бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», 27 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, 10 нафар собиқадорони соҳаи матбуот бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин ба рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ овози», «Мароми пойтахт», «Минбари халқ», «Омӯзгор», «Азия плюс»,«Фараж», «Миллат», «Озодагон», «Тоҷикистон» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо дипломи Вазорати фарҳанг супорида шуд.
Дар ҷаласа Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, нашрияҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» низ як зумра собиқадорону рӯзноманигоронро бо мукофотҳои гуногун сарфароз намуданд. Ҳамчунин муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Вазорати маориф як қатор идораҳои рӯзномаву маҷаллаҳоро барои ҳамкории пурсамару бардавом бо муассисаҳои соҳаи маориф, инъикоси масъалаҳои мубрами соҳа дар матбуот бо диплом ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ намуд.

Бояд қайд кард, ки дар доираи чорабинии мазкур дар долони бинои Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб», ҶСШК «Матбуот», муассисаҳои нашриявии «Адиб», Ирфон», «Адабиёти бачагона», Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ва идораи рӯзномаву маҷаллаҳо намоишу фурӯши китоб ва матбуоти давриро ташкил намуданд.