Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 21:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Шоми дӯстӣ» - тараннумкунандаи дӯстии мардуми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

9 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо суханронии Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар қаноатмандию нишоти худ ва мардуми Тоҷикистонро аз нахустин ташрифи давлатии меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сарзамини офтобию меҳмоннавози Тоҷикистон изҳор намуда, онро қадами муҳиму устувор дар роҳи таҳкиму тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстии мардумони мо аз қаъри таърих реша мегирад ва он бояд бо талошу ташаббусҳои муштараки халқҳо то абад поянда бимонад.
Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.

Дар баромади худ Сарони давлатҳо инчунин оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.

Дар барномаи мутантани консертӣ ҳунарпешаҳои машҳури тоҷик, аз ҷумла Адҳам Холиқов, Давлатманд Хол, Озодаи Ашўр, Рустам Дулоев, Мадинаи Ҳақназар ва ҳунарпешагони номӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова, Озодбек Назарбеков, Фаррух Зокиров, Женисбек Пиязов, Матлуба Дадабоева ва дигарон ҳунарнамоӣ намуданд.

Барномаи консертиро инчунин санъату маҳорати Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳоб, Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳунарпешаҳои рақс аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ансамблҳои “Бадахшон” “Лола”, «Зебо», «Ҷаҳоноро» ,«Базморо», “Гулрез” «Чаман” ва “Парасту” ҳусни тоза бахшид. 

Суруди “Дӯстӣ”, ки аз ҷониби Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷўрабек Муродов ва Ҳунарпешаи халқии Ўзбекистон Шералӣ Ҷўраев дар якҷоягӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ иҷро гардид, бори дигар таъкид намуд, ки дӯстии халқи тоҷику ӯзбек аз қаъри таърих ибтидо мегирад ва интиҳо надорад.

Барномаи консертӣ шодиву фараҳи мардумони тоҷик ва ӯзбекро, ки ба дидори дӯстони деринтизору қадрдон расидаанд, инъикос намуд.