Сомонаи пешина | Пш, 13 Декабр 2018 | 01:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Шоми дўстӣ» - барномаи муштараки консертии ҳунарпешагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон

 

Шоми рӯзи 9 март дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» консерти пуршукӯҳи устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор мегардад, ки дар он сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев, инчунин аъзои ҳайати расмии Ӯзбекистон, аъзои ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон, намояндагони корпуси дипломатии дар шаҳри Душанбе аккредитатсияшуда ва аҳли ҷомеа иштирок менамоянд.

Ба ҳайати меҳмонон сарояндагон, навозандагон ва раққосони зиёди маъруфи Ӯзбекистони бародар, аз ҷумла Ҳунарпешагони халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, Озодбек Назарбеков, Бунёдбек Саидов ва дигарон шомил мебошанд.

Дар ин консерт устодони санъати Тоҷикистон – Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ҷурабек Муродов, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов, Давлатманд Холов, инчунин Рустам Дуллоев, Озодаи Ашӯр, ҳунармандони ансамбли давлатии «Шашмақом», ансамблҳои «Зебо», “Лола”, «Ҷаҳоноро», «Базморо» “Гулрез” ва “Парасту” ва дигарон низ ҳунарнамоӣ мекунанд.