Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 22:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи Модар дар вилояти Суғд

Бахшида ба Рӯзи модар дар Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб»-и вилояти Суғд чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва фаъолзанони вилоят иштирок намуданд. 

Сараввал роҳбарияти вилоят доир ба дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону бонувон ва фаъолияти занҳои фаъол, ки дар рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят саҳми назаррас доранд сухан карда, кулли бонувонро бо Рӯзи Модар табрику таҳният намуд.
Сипас, аз ҷониби Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олии вилоят композитсияи адабӣ таҳти унвони «Модар сарчашмаи ҳаёт» манзури аҳли толор гардид.

Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки гурӯҳи хорсароёни мактаби санъати бачагона, аҳли санъати вилоят ба мисли Анвар Ахмедов, Ғуломҷон Мирдадоев, Шодмон Сулаймонӣ, Субҳиддини Раҷабзод, Ҳасани Камол, Гуласал Пӯлотова, Мадинаи Моҳрӯ, гурӯҳҳои рақсии «Маҳастӣ», «Ғаффор Валаматзода», «Чаманоро» ва дигарон ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Боиси зикр аст, ки бахшида ба Рӯзи модар дар Қасрҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят низ чорабинии идона бо шукӯҳу шаҳомати хоса гузаронида шуданд.