Сомонаи пешина | Пш, 13 Декабр 2018 | 01:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили шеъру суруд бахшида ба “Рӯзи Модар”

7 марти соли 2018 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бахшида ба “Рӯзи Модар” маҳфили шеъру суруд баргузор гардид.

Дар барномаи фарҳангӣ донишҷӯёни соли аввали муассисаи таълимӣ иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро намоиш доданд. 

Донишҷӯён бо роҳбарии омўзгори кафедраи забонҳо Қурбонов Оятулло шеър, суруд ва оҳангҳои гуногунро дар васфи модар иҷро намуданд, ки аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуд. Хусусан шеърҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва сурудҳои халқҳои дигар дар бораи бузургии модар ба чорабинӣ ҳусни нав бахшиданд.