Сомонаи пешина | Пш, 13 Декабр 2018 | 01:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Зан – Модар - Олиҳа» - намоиши асарҳои эҷодии занони мусаввир

 

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи рассомони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ва истиқболи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши «Зан – Модар – Олиҳа» ифтитоҳ ёфт.

Дар намоиш зиёда аз 60 адад асарҳои мусаввирии занони тоҷик, ки омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва аъзоёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. 

Толори намоиширо асарҳои Ҳамидова Н. «Марвориди Шарқ», Сатучина З. «Ғуруб», Улҷабаева М. «Тирамоҳ», Давлатшоева З. «Манзара», Носирова М. санъати батик «Тобистон», Хоҷиева С. «Баҳор», Камолова Б. «Туй», Мардихудоева У. «Натюрморт», Қурбонова Л. «Тирамоҳ», Боронова С. «Рақс», Бойматова М. санъати кундал «Натюрморти баҳорӣ», Хамидова Ш. «Баҳор», Ли Света «Композитсия», Газарян А. «Автопортрет», Карнаухова В. «Хушбахтии модар», Хамитова Ф. «Дугонаҳо» ва дигарон оро медиҳанд. 

Ҳаводорони санъати тасвирӣ метавонанд, ки то санаи 16 марти соли 2018 аз намоиши мазкур баҳра бардоранд. 

Нишонӣ: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 31 
Телефон барои тамос: 93-335-93-09