Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 14:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

 

12 марти соли 2018 соати 16:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор мегардад.

Дар чорабинӣ қадрдонии фаъолони соҳаи матбуот ва ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин мақола ва шеър дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти С. Айнӣ» бахшида ба 140- солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар назар аст.

Дар барномаи чорабинӣ намоиши рӯзномаву маҷаллаҳо ва адабиёти тозанашр, инчунин барномаи адабию фарҳангӣ низ ҷой дода шудааст.