Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 03:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Кулчақанд – лаззатбахши хони мо»

7 марти соли 2018 дар майдони маркази савдои «Ёвар» Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо» баргузор гардид.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ҷашнвора ҳусни ифтитоҳ бахшида, бонувонро бо Рӯзи Модар табрик гуфт. Ӯ оид ба нақши занону модарон дар ҳаёти имрӯза ва саҳми онҳо дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзи анъанаҳои кадбонугӣ ҳарф зад.

Сипас, меҳмонони ҷашнвора, ки намояндагони вазорату кумитаҳои гуногун буданд, аз намоиши маҳсулоти нонӣ ва қаннодии кадбонуҳои минтақаҳои гуногун дидан намуданд.
Лавҳаҳои намоишро анвои гуногуни маҳсулот ба мисли кулчаҳои хурду калон, чапотӣ, фатири қатмол, фатири чормағзӣ, фатири пудинагӣ, нонҳои ороишӣ, фатири равғанин, самбусаҳои алафию гӯштӣ, орзуқ, суманак, ҳалвои сафед, ҳалвои сурх, торт, мармалод, қанди печак, кулчақандҳои гуногун ва ғайра оро медоданд.

Хусусан торти ба ифтихори Рӯзи Модарон омодакардаи Маркази таълимоти калонсолони Тоҷикистон, ки 5 метр дарозӣ дошт, диққати меҳмононро ҷалб намуд.

Ҳамаи иштирокчиён бо дипломҳои Фестивал қадрдонӣ гардида, маҳсулотҳои ба намоишгузошташуда ба мардум бо нархи дастрас фурӯхта шуданд. Чанд ширкат ва ноҳияҳо маҳсулоти таҳиянамудаи худро ба хонаҳои кӯдакон ва пиронсолон хайр намуданд.

Фестивал-озмун аз ҷониби Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату кумитаҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба фарҳанги бузурги миллӣ, эҳёи маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ дар кишвар, ба истеҳсоли ҳаррӯзаи дохилӣ қарор додани номгӯи зиёди нону кулчақандҳои тоҷикӣ гузаронида шуд.