Сомонаи пешина | Дш, 22 Октябр 2018 | 12:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерт бахшида ба Рӯзи Модар

6 марти соли 2018 дар толори консертии Муассисаи давлатии “Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов” бахшида Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ аз маҳфили адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони “Дуои Модар” ва барномаи идонаи консертӣ иборат буд.

Ҳунару санъати устодон ва донишҷӯён, ки дар барнома фаъолона ширкат варзиданд, аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд гирифт. Чорабинии мазкур армуғони идона барои муаллимаҳои коллеҷ ва модарони толибилмони муассисаи таълимӣ буд.