Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 21:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Конфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

6 марти соли 2018 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши занон дар ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ» конфронси илмӣ баргузор гардид.

Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода иштирокдорони ин конфронс, бахусус занонро бо Рӯзи Модар табрик намуда, иброз дошт ки «вақте сухан дар бораи мондагорӣ ва ҳадафҳои баланди инсонӣ доштани суннатҳо ва ҳунарҳои мардумӣ меравад, набояд фаромӯш кард, ки пояндадорони онҳо дар ҳама давру замон занону модарони гиромиамон ба ҳисоб мераванд. Бонувони тоҷик, ки зотан эҷодкору ҳунарманданд, ин ҳама оину суннатҳоро на фақат зинда нигоҳ доштанд, балки эҷодкорона пайваста такмил дода, ба он соҳибзавқона сифатҳои нав ба нав зам кардаанд».

Зикр шуд, ки имрӯз сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳама намуди ҳунарҳои мардумӣ роҳ кушода, имконияту майдони фарох ба вуҷуд овардаанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунарҳои модарон ва бонувони тоҷик низ эҳёи тоза ёфта, дар некӯаҳволии мардуми мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳамзамон рушду тарғиби ҳунарҳои мардумӣ саҳми бориз мегузоранд.

Ҳамчунин дар кори конфронс иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Саҳми Мукаррама Қаюмова дар рушди ҳунари зардӯзӣ ва мактаби эҷодии ӯ», «Таносуби гендерӣ дар касбу ҳунарҳои анъанавӣ» ва «Ороиши ғизоҳо-ҳунари нави бонувон» сухан гуфтанд.