Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 14:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ОЗМУНИ «БОНУИ ҲУНАР»

 

5 феврали соли 2018 дар саҳни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Пуйдоқов бахшида ба Рӯзи модар ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмун таҳти унвони «Бонуи ҳунар» доир гардид.

Дар озмун, ки бо мақсади дар ниҳоди донишҷӯён бедор намудани ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва зебоипарастӣ ташкил гардида буд, маъмурияти муассисаи таълимӣ, намояндагони кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар даъватшудагон иштирок намуданд.

Озмун аз шартҳои гуногуни шавқовар иборат буд. Аз ҷумла намоиши либосҳои миллӣ, бадеҳаи халқӣ, қироати рубоиҳо, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва омода намудани хӯрокҳои миллӣ. Иштирокчиёни озмун, ки асосан аз ҳисоби донишҷӯён ва хонандагони литсейи назди коллеҷи фарҳанг иборат буданд, шартҳои озмунро бо маҳорати баланд иҷро карда аз тарафи ҳакамон баҳои сазовор гирифтанд.