Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 21:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар донишкадаи санъат 50 - солагии фаъолияти эҷодии Савринисо Сабзалиеваро таҷлил намуданд

5 марти соли 2018 дар толори «Арғунун» -и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 50-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савринисо Сабзалиева чорабинии идона доир гардид.
Дар маҳфил доираи васеи ҳунармандону устодони санъати актёрӣ ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.

Чорабиниро филми ҳуҷҷатӣ оид ба фаъолияти эҷодии ҳунарпеша ҳусни оғоз бахшид. Сипас, ректори ДДФСТ ба номи М. Турсунзода профессор Хайриддин Идиев меҳмононро хайрамақдам гуфта, соҳибҷашнро бо 50-солагии фаъолияти пурсамари эҷодӣ табрик гуфт.

Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савринисо Сабзалиева порчаҳо ва монолог аз намоишномаҳои театрие, ки худ нақшофарӣ карда буд, пешкаши мухлисон гардонид.

Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мастона Эргашева суруди дилангезеро баҳри табрики соҳибҷашн ва болидарӯҳии меҳмонон ба самъи ҳамагон расонид. Донишҷӯёни факултаи театр, кино ва телевизион «Модарнома»-и омодакардаи худро доир ба 50 - солагии фаъолияти эҷодии устоди ҳунар манзури меҳмонон гардониданд. Чорабинӣ хеле хотирмон гузашт.