Сомонаи пешина | Пш, 19 Июл 2018 | 01:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили эҷодии Абдуғаффор Абдуҷаббор

 

5 марти соли 2018 дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон маҳфили адабӣ бо иштироки нависанда, тарҷумон, драматург, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷабборов баргузор гардид.

Академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова ва олими забоншинос Салоҳиддин Амонӣ дар оғози маҳфил оид ба паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти Абдуғаффор Абдуҷабборов андешаҳои худро иброз намуданд. 

Иштирокчиёни маҳфил ба меҳмони чорабинӣ суолҳои гуногун дар бораи интихоб ва дарёфти мавзӯъ, сабк ва забони ҳикояву қиссаҳои нависанда, нақшаҳои минбаъдаи эҷодии ӯ суолҳо доданд. 

«Ман одатан дар бораи он воқеаҳое менависам, ки худ дидаам, ё шунидаам. Кӯшиш мекунам, ки дард ва ҷавҳари онро эҳсос намоям. Агар он дард ва ҷавҳар дошта бошад, барои навиштан меарзад. Агар на, бо забони зеботарин навишта шавад ҳам, хонанда намеёбад», - иброз дошт нависанда.

Инчунин атрофи китоби «Зоопарк», ки соли 2017 дар номинатсия асарҳои насрӣ Китоби беҳтарини сол эълон гардида буд, ҳозирин ва муаллиф изҳори ақида намуданд.