Сомонаи пешина | Пш, 13 Декабр 2018 | 01:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Гурӯҳи «Humming House»: Тоҷикистон ба мо хеле писанд омад

3 марти соли 2018 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев аввалин барномаи консертии гурӯҳи навозандагони машҳури «Humming House» аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Гурӯҳи мазкур ба Тоҷикистон бо даъвати Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барномаи консертӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Гурӯҳи навозандагони машҳури «Humming House» на танҳо дар ИМА, балки дар тамоми ҷаҳон маҳбубият пайдо кардааст. Чанде қабл гуруҳи мазкур дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ барномаҳои консертии худро манзури дӯстдорони санъат карда буд.

Зимни баргузории барномаи консертӣ солисти гурӯҳ Ҷустин Уайд ба мардуми тоҷик изҳори сипос намуда гуфт, ки тӯли чанд рӯзи сафарашон дар Тоҷикистон аллакай ба ин кишвар дил бастаанд. 

«Мо чанд рӯзе, ки дар Тоҷикистон ҳастем, хеле хушбахтем. Ин ҷо мардум меҳмоннавозу меҳрубон ҳастанд. Мо аз Кохи Наврӯз ва Қалъаи Ҳисор дидан намудем, ки барои мо хеле писанд омад. Мо ҳатто дар бозори маҳаллии Корвон будем, туҳфаи зиёд харидем ва сихкабоби тоҷикӣ хӯрдем, ки бисёр болаззат буд», - изҳор дошт Ҷустин Уайд. 
Барномаи консертӣ, ки суруд ва мусиқии фолклории Амрикоро низ бар мегирифт, аз ҷониби тамошобинон хеле хуш пазируфта шуд.

Инчунин гурӯҳи мазкур дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев дар шаҳри Душанбе бо хонандагон ва устодон вохӯрда, ба 200 нафар шогирдон дарси сайқали маҳорат гузаронидаанд. «Мо дар мактаб хонандагонеро вохӯрдем, ки соҳиби истеъдоди фавқулодда ҳастанд. Яке аз навозандагони рубоб прима дар мандолини Ҷош (солисти гурӯҳ) оҳанг навохт, ки мо моту мабҳут гаштем. Рӯзи афсонавие буд», - омадааст дар саҳифаи фейсбукии гурӯҳ.

Боиси зикр аст, ки мандолин асбоби миллии мусиқии амрикоӣ буда, ба рубоби примаи тоҷикӣ монанд аст.