Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 03:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тантанаи ҷашнии Савринисо Сабзалиева дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

Рўзи 5 марти соли 2018 дар толори консертии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 50-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савринисо Сабзалиева барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад.
Дар барнома намоиши филми ҳуҷҷатӣ дар бораи фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савринисо Сабзалиева, порчаҳо аз намоишномаҳое, ки соҳибҷашн дар онҳо нақши асосиро иҷро кардааст, дар назар аст. Барномаро суруду рақсҳои мавзун ва қироати шеърҳо дар васфи модар дар иҷрои донишҷўёни донишкада рангин мегардонад.

Воқеан, Савринисо Сабзалиева ҳунармандест, ки дар саҳнаи кино ва театр даҳҳо нақшҳои ҷаззобу дилкаш офарида, дар рушди санъати касбии кишвар саҳми бузург гузоштааст.

Фарзанди ин бонуи ҳунар Самад Мансуров ба пайраҳаи модар рафта, дар ин ҷода ба муваффақиятҳои назаррасе ноил гардидааст. Вай имрўз яке аз ҳунарпешаҳои машҳури Федератсияи Россия буда, дар филмҳои кинематографистони Москва «Частный детектив», «Дронго», «Московская сага» ва даҳҳои дигар нақшҳои ҷолиб офаридааст.