Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 22:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Конфронси ҷумҳуриявӣ дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат

 Субҳи имрӯз, 2 марти соли 2018 дар толори «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори электронии омма: телевизион ва радио дар инъикоси масъалаҳои ҳаёти фарҳангӣ» шуруъ гардид.

Барои иштирок дар конфронси мазкур олимону конжиносон ва рӯзноманигорони варзида аз макотиби олии минтақаҳои гуногун ҷамъ омаданд.

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Идиев ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, дар бораи аҳамияти конфронси мазкур дар тарғиби фарҳанги миллӣ, бахусус дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан гуфт.

Дар конфронс мавзӯъҳои гуногун ба мисли «Нақши воситаҳои ахбори электронии телевизион ва радио дар инъикоси масъалаҳои фарҳангии замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазифаи фарҳангпарварии журналистика», «Муносибати сотсиологӣ дар инъикоси масъалаҳои фарҳангӣ» ва дигарон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Конфронс кори худро дар ду бахш “Нақши воситаҳои ахбори электронии оммаи ҷумҳурӣ ва минтақавӣ дар инъикоси ҳаёти фарҳангӣ” ва “Жанрҳои журналистика - инъикосгари ҳаёти фарҳангӣ” идома медиҳад.