Сомонаи пешина | Пш, 13 Декабр 2018 | 01:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерт бахшида ба Рӯзи Модар

 

28 феврали соли 2018 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бахшида ба Рӯзи Модар барномаи консертӣ баргузор гардид.

Дар консерт ансамбли созҳои халқии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов ва ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд.

Роҳбари мусиқии консерт Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Ҳусейн Шарифов буда, дар он намунаҳои гуногуни суруду оҳанги муосир ва классикии халқи тоҷик ва дигар халқҳо ҷой дода шуда буд.

Барномаи консертӣ аз ҷониби аҳли толор хеле хуш пазируфта шуд.