Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 21:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Озмуни ҷумҳуриявии «Гулзори маърифат»

Ба истиқболи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Гулзори маърифат» баргузор мегардад.

Озмун аз ҷониби Вазорати фарҳанг бо иштироки фаъолонаи кормандони боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ моҳҳои март - июни соли 2018 гузаронида мешавад.

Мақсад аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Гулзори маърифат» омӯзиш ва такмили фаъолияти боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, баланд бардоштани нақши онҳо дар тарбияи маънавию ахлоқии шаҳрвандон, ба макони ҳақиқии истироҳати сокинони ҷумҳурӣ табдил додани боғҳо, рангин ва ғанӣ гардонидани фароғати мардум дар шароити нави иҷтимоию фарҳангӣ мебошад.

Боғҳои фарҳангӣ-фароғатие, ки пас аз ҷамъбасти озмун ба натиҷаҳои беҳтарин ноил гардидаанд, аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.