Сомонаи пешина | Пш, 19 Июл 2018 | 01:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти оркестри симфонӣ бахшида ба 15-солагии консерватория

 

27 феврали соли 2018 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов консерти оркестри симфонӣ бахшида ба 15-солагии консерватория баргузор гардид.

Дар барномаи консертӣ, ки аз ҷониби устодон ва шогирдони фаъоли муассисаи таълимӣ таҳия гардида буд, манзараҳои симфонӣ аз балети «Зол ва Рудоба» (Ш. Ашӯров), поэмаи симфонӣ«Сегоҳ» қисмҳои II-III (Ф. Шаҳобов, Ш. Соҳибов, Ю. Тер-Осипов ), порча аз балети «Кӯли қувон» (П. Чайковский) ва дигар намоишҳои ҷолиб манзури тамошобинон гардид.

Барномаи ҳунарии бо роҳбарии дирижёрон Далер Тиллоев ва Валерий Аверин рӯи саҳна омада хеле хотирмон гузашт.