Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 08:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳунарнамоии ҳаваскорони ноҳияҳои Муъминобод ва Шоҳмансур дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни “Андалеб-2021”

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2021” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев баргузор гашта истодааст.

Рӯзи 4 ивгусти соли ҷорӣ дар даври ниҳоии Фестивал-озмун ҳунармандон ва ҳаваскорони ноҳияҳои Муъминободи вилояти Хатлон ва ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барномаҳои ҳунарии хешро тибқи Низомнома пешкаш намуданд.

Нахуст дар саҳни Филармония ҳунарҳои мардумии ин ноҳияҳо таҳти унвони “Бозори ҳунар” ба намоиш гузошта шуд, ки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф, ҳайати ҳакамон ва меҳмонону иштирокчиён аз он дидан намуданд. Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандон маҳсули дастони хешро аз қабили кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, намадбофӣ, маҳсулотҳои заргарӣ, кишоварзӣ, нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, созҳои мусиқӣ, кафшҳои чӯбину хумҳои қадима ба намоиш гузошта буданд, ки басо хотирмону диданӣ ба назар мерасид.

Ҳунарнамоии иштирокчиёни Фестивалро ҳакамон дар ҳайати директори Фестивал-озмун, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг-Нуралӣ Мирзоалиев, Раиси ҳакамон, директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот-Дилшод Раҳимӣ, котиби Фестивал, роҳбари бадеии Фидармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев-Наҷмиддини Қаландар, аъзоён-муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон-Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон-Сангалӣ Ҳомидов, мудири кафедраи хореографии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода-Музаффар Искандаров, директори мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев-Қиёмиддин Иброҳимзода, сармутахассиси раёсати санъати Вазорати фарҳанг-Мавлуда Бобошоева баҳогузорӣ намуданд.

Ҳунармандон аз рӯи 12 номинатсия баромад намуда, дар наминатсияҳои “Бозори ҳунар”, намоиши либосҳои миллӣ, суруди якка, рақси якка, навозиши умумӣ, навозиши якка, суруди анъанавӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, суитаи созию овозӣ маҳорати хуби эҷодӣ нишон дода, сазовори холҳои баланди ҳакамон гардиданд.

Дар анҷоми барномаҳои ҳунарӣ ноҳияи Муъминобод соҳиби 108,8 ва ноҳияи Шоҳмансур бошад, сазовори 105,2 хол гардиданд.








Хотиррасон мешавем, ки баромади ҳаваскорони ноҳияҳо дар Фестивал-озмун идома дошта, рӯзи 5 август ҳунарнамоии ҳаваскорони ноҳияҳои Хуросони вилояти Хатлон ва Варзоб баргузор мегардад. Мухлисони савту наво ва ҳунарҳои мардумиро ба тамошои барномаҳои ҳаваскорони ин ноҳияҳо даъват менамоем. Оғози чорабинӣ соати 17:00.



Холиқзода Марям

Маркази матбуоти вазорат