Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 07:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ИСТАРАВШАН

04.08.2021 13:10

mugteppaБа ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.

Дар шаҳри бостонии Истаравшан бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ бунёд, таъмир ва навсозии беш аз 450 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, дар баробари маблағгузории ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр соҳибкорон низ дар бунёди иншооти мухталиф саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ин радиф, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ба соҳаи фарҳанг, алалхусус ба китобхонаю китобдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Ба таври мисол метавон гуфт, ки кори аввалине, ки раиси навтаъини шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба анҷом расонид, ин аз бинои фарсудаю куҳна ба ҷойи обод кӯчонидани Китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан буд.

«Китобхонаи марказӣ аз соли 1979 дар як бинои фарсудаю ба шароити китобхона мутобиқнабуда фаъолият мебурд. Бар замми ин, бино иҷоравӣ буд. Баъди ба як соҳибкор додани замини бино, китобхонаи марказӣ бо 157465 нусха китобҳои нодиру адабиётҳои гуногун ба як бинои мавзеи Кукгумбаз кӯчонида шуд, - иброз дошт директори Китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан Мунира Муҳаммадиева. – Моҳи ноябри соли 2020 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода аз шароити китобхонаи мо дидан намуданд. Зимни шиносоӣ бо шароити корӣ ва макони ҷойгиршавӣ, тасмим гирифта шуд, ки китобхона ба ҷойи хубтар кӯчонида шавад».

Бояд қайд кард, ки аз соли 2017 китобхонаи бачагона низ дар як бино бо китобхонаи марказӣ фаъолият мебурд. Ва моҳи ноябри соли 2020 китобхонаи марказӣ ва китобхонаи бачагонаи шаҳри Истаравшан ба бинои муассисаи давлатии “Хонаи таълим ва истироҳат” кӯчонида шуд.

«Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба китобхонаи марказӣ боз 585 нусха китобҳои гуногунсоҳа супорида шуда, бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Аскар Эшонов 28 адад курсӣ ва 20 дона фита тақдим гардид. Ба ин ғамхории раиси шаҳр, ки барои то 300-350 нафар зиёд гаштани шумораи хонандагонамон мусоидат намуд, миннатдорӣ баён менамоем», – гуфт Малика Муҳаммадиева.

Ҳамзамон, соли ҷорӣ дар деҳаи “Қалъачаи Бакавул”-и шаҳри Истаравшан китобхонаи ба номи Абӯҷаъфари Истаравшанӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки он ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост омад. Тавре аз дафтари матбуоти шаҳр иттилоъ дода шуд, сохтмони китобхонаи мазкур соли 2019 оғоз гардида, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид ва мавриди истифода қарор дода шуд. Китобхона бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳоти “Қалъачаи Бакавул” сохта шуда, дар он зиёда аз чор ҳазору панҷсад китобҳои илмӣ, бадеӣ, сиёсӣ, таърихӣ, журналу маҷаллаҳо ва дигар дастуру барномаҳои таълимӣ ҷой дода шудаанд.

Зимни ифтитоҳ ва шиносоӣ аз китобхонаи болозикр раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо хонандагон суҳбати самимӣ ороста, иброз дошт, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди китобхонаҳо ва ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ хеле зиёд буда, ба хотири соҳибмаълумот намудан ва такмили дониши ҷомеа пайваста чораҳои судманд ва натиҷабахш роҳандозӣ карда мешаванд.

Муҳайё ҚАЮМОВА

Бознашр аз рӯзномаи "Баҳори Аҷам"