Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 08:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баромади ҳаваскорони ноҳияҳои Ҷайҳун ва Рӯдакӣ дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Андалеб-2021”

 04.08.2021 10:37

04.08.21

Рӯзи 3 августи соли равон кушодашавии даври ниҳодии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2021” бо иштироки ҳунармандон ва ҳаваскорони ноҳияҳои Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид.

Даври ниҳоии Фестивал-озмунро муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сафарзода Давлат Шариф ифтитоҳ бахшида, ҷамъбасти даври аввал ва дувуми Фестивалро бомуваффақона шумурда, дар кашфи истеъдодҳои нав, тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан, рушду нумӯи ҳунарҳои мардумӣ, густариши маънавиёти ҷомеа ва ободонию созандагиҳо ибрози ақида намуд.

Ҳакамони Фестивал дар ҳайати директори Фестивал-озмун, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг - Нуралӣ Мирзоалиев, Раиси ҳакамон, директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот - Дилшод Раҳимӣ, котиби Фестивал, роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев - Наҷмиддини Қаландар, аъзоён - муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон - Сангалӣ Ҳомидов, мудири кафедраи хореографии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода - Музаффар Искандаров, сармутахассиси раёсати санъати Вазорати фарҳанг - Мавлуда Бобошоева ба ҳунарнамоии ҳаваскорони ноҳияҳо баҳогузорӣ намуданд.

Ҳунармандон аз рӯи 12 номинатсия баромад намуда, шарти аввали Фестивал ин намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Бозори ҳунар”, ки дар даромадгоҳи Филармония меҳмонон ва ҳайати ҳакамони фестивал бо эҷози дастони ҳунармандони ноҳияҳо, аз ҷумла кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, шерозбофӣ, рафидадӯзӣ, заргарӣ, бурёбофӣ, маҳсулотҳои нонӣ, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Ҳаваскорони ноҳияҳо аз рӯи наминатсияҳои суруди ҳамсароён, навозиши умумӣ, навозиши якка, суруди якка, суруди анъанавӣ, рақси якка, саҳначаи ҳаҷвӣ, суитаи созию овозӣ маҳорати хуби эҷодӣ нишон дода, сазовори холҳои баланди ҳакамон гардиданд.

Дар анҷом ноҳияи Ҷайҳун соҳиби 96,4 ва ноҳияи Рӯдакӣ бошад, сазовори 110,6 хол гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки баромади ҳаваскорони ноҳияҳо дар Фестивал-озмун идома дошта, рӯзи 4 август ҳунарнамоии ноҳияҳои Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон баргузор мегардад. Мухлисони савту наво ва ҳунарҳои мардумиро ба тамошои барномаҳои ҳаваскорони ин ноҳияҳо даъват менамоем. Оғози чорабинӣ соати 17:00.

Холиқзода Марям
Маркази матбуоти вазорат

04.08.21.1 104.08.21.1 204.08.21.1 304.08.21.1 404.08.21.1 504.08.21.1 604.08.21.1 704.08.21.1 804.08.21.1 904.08.21.1 1004.08.21.1 1104.08.21.1 1204.08.21.1 1304.08.21.1 1404.08.21.1 1504.08.21.1 1604.08.21.1 1704.08.21.1 1804.08.21.1 1904.08.21.1 2004.08.21.1 2104.08.21.1 2204.08.21.1 2304.08.21.1 2404.08.21.1 2504.08.21.1 2604.08.21.1 2804.08.21.1 2904.08.21.1 3004.08.21.1 3204.08.21.1 3304.08.21.1 3404.08.21.1 3504.08.21.1 3604.08.21.1 3704.08.21.1 38