Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 07:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФӢ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

copyright 05Бо рушди муносибатҳои бозорӣ зарурати ҳимояи ҳуқуқи муаллиф ҳамчун падидаи ҳуқуқи гражданӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷ пеш омад, зеро дар амалияи ҳаррӯза поймол кардани ҳуқуқҳои муаллифон ба чашм мерасад.

Ҳуқуқи муаллифии байналмилалӣ маҷмӯи қоидаҳоест, ки муносибатҳои ҷамъиятии байни давлатҳо, инчунин шаҳрвандони давлатҳои гуногунро ҳангоми офаридан, истифода ва ҳимояи ҳуқуқҳои муаллифон (асарҳои илмӣ, бадеӣ ва санъат) танзим мекунад.

Зери мафҳуми ҳимояи ҳуқуқи муаллиф - маҷмӯи чораҳое фаҳмида мешаванд, ки барои барқарор ва эътирофи ҳуқуқҳои номбурда ҳангоми вайрон гардидан ё мавриди баҳс қарор гирифтани онҳо равона шудаанд.

Аз рӯи қоидаҳои умумӣ амали ҳуқуқи муаллиф бо ҳудуди он давлате маҳдуд мегардад, ки дар он асар офарида шудааст ё паҳн гардидааст. Ин он маъноро дорад, ки дар ҳудуди дигар давлатҳо асар озодона бе пардохти мукофотпулӣ, яъне ҳаққи қалам ба муаллиф истифода бурда мешавад. Асари муаллифон, ки дар ҳудуди як давлат мавриди ҳимоя қарор гирифтааст, дар қаламрави дигар давлат низ ҳимоя карда мешавад, агар байни ин давлатҳо шартномаи дутарафа баста шуда бошад, ё онҳо аъзои созишномаи бисёртарафа (Конвенсияи Берн дар бораи ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ (1886) ва Конвенсияи умумиҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф (1952)) дар бораи эътирофи ҳамдигарӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф бошанд.

Ҳамин тавр, масъалаи аввалине, ки дар вақти баррасии муаммоҳои ҳимояи ҳуқуқи муаллиф дар хориҷи кишвар бармеояд, дар он зоҳир мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дигар давлате, ки дар ҳудуди он объекти мазкур истифода бурда мешавад, уҳдадории байниҳамдигарии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф алоқаманд мекунад ё на?

Агар чунин уҳдадорӣ вуҷуд надошта бошад, пас ҳифзи ҳуқуқи муаллиф танҳо мутобиқи шартномаи дутарафаи конкретӣ таъмин карда мешавад. Вале дар ин ҳолат уҳдадориро дар назди дорандаи ҳуқуқ контрагенти шартнома ба уҳда мегирад.

Агар ҳуқуқҳои дорандагони ҳуқуқ дар қаламрави давлати дигари хориҷӣ эътироф гардад, ҳаҷми ҳуқуқҳои субъективии онҳо на бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки қонуни давлати дигари хориҷии мазкур ва қоидаҳои шартномаҳои байналмилалӣ муайян карда мешавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки системаи ҳимояи ҳуқуқи муаллифӣ аз охирҳои асри XIX, вақте, ки аввалин конвенсияҳои байналмилалӣ қабул карда шудаанд, амал мекунад.

Конвенсияи Бернӣ ва Конвенсияи умумиҷаҳонии муаллифӣ аз принсипи реҷаи миллӣ бармеояд, ки тибқи он ба муаллифони хориҷӣ - шаҳрвандони давлате, ки дар Конвенсияҳои номбаршуда иштирок менамоянд, ҳуқуқ дар ҳамон ҳаҷме пешниҳод карда мешавад, ки барои муаллифон - шаҳрвандони ин давлатҳо эътироф карда шудаанд. Дар давлатҳои гуногун ҳаҷм ва мазмуни ин ҳуқуқҳо якхела нестанд. Албатта барои давлатҳои иштирокчиёни Конвенсияҳои мазкур фарқияти калон дида намешавад, зеро ин давлатҳо дар қонунгузории дохилии худ аллакай дараҷаи минималии ҳимояи ҳуқуқи муаллифро мустаҳкам намудаанд.

Ҳимояи асарҳои муаллифони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи наздик бо Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф аз 24 сентябри соли 1993 таъмин карда мешавад.

Мутобиқи Созишномаи мазкур давлатҳо - иштирокчиёни он уҳдадорӣ қабул намудаанд, ки дар ҳудуди давлати худ уҳдадории байналмилалиро, ки аз иштироки собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи муаллиф (аз соли 1952, ба қувваи қонунӣ 27 майи соли 1973 даромадааст) бармеояд, иҷро мекунанд.

Агар солҳои пеш ҳуқуқи муаллиф оид ба мустақилона додани ҳуқуқҳояшон ба истифодабарандагони хориҷӣ манъ ва бо қонунгузории собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин ҳуқуқ ба воситаи Оҷонсӣ (Агентӣ) оид ба ҳуқуқҳои муаллифӣ танзим карда шуда бошад, пас дар ҳолати вайрон кардани тартиби мазкур шартномаи басташуда беэътибор ва даромади ба даст овардаи муаллиф ғайриқонунӣ эътироф карда мешуд.

Дар марҳилаи ҳозира бошад, муаллифон ба ҳуқуқҳои худ мустақилона ихтиёрдорӣ мекунанд, аз ҷумла ба истифодабарандагони хориҷи кишвар асарҳояшонро озодона месупоранд.

Шартномаҳои зарурӣ бошанд, бо тартиби умумӣ баста шуда бо интихоби тарафҳо қонуни ин ё он давлат ба инобат гирифта мешавад.

Дар сурати мавҷуд набудани созиш оид ба татбиқи ҳуқуқ, ҳуқуқи давлате истифода бурда мешавад, ки дар он ҷои истиқомат ё ҷои асосии фаъолияти тарафе, ки иҷрои онро ба амал мебарорад ва барои он мазмуни шартнома аҳаммияти ҳалкунанда дорад, амал мекунад.

Андозаи мукофотпулӣ барои истифодаи асар дар хориҷа бо шартнома муайян карда мешавад. Ҳаққи қалам, ки ба муаллиф ва дорандагони ҳуқуқ пардохт мешавад, дар таркиби маҷмӯи даромади солона ба ҳисоб гирифта шуда, аз он андоз ситонида мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашаванда ва комилҳуқуқи аҳли башарият санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалиро эътироф намудааст (моддаи 7 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон). Бинобар он, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифз ва идоракунии моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла ҳуқуқи муаллифӣ шомил гардида як қатор созишномаю конвенсия ва шартномаҳои байналмилалиро, ки масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи муаллифро ба танзим медароранд, ҳамроҳ шуд ва имзо намуд:

-Конвенсияи Берн дар бораи ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ (соли 1886);

-Конвенсияи Стокголм, ки Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳниро таъсис дод (1967);

-Конвенсия оид ба ҳифзи манфиатҳои иҷрочиён, офарандагони фонограммаҳо ва ташкилотҳои барномаи эфирӣ (1981);

- Конвенсияи Париж дар бораи ҳифзи моликияти саноатӣ (1883);

-Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф (1996);

-Аҳдномаи ТРИПС (ҳуқуқи муаллифии байналмилалӣ (1994).

Конвенсияи умумиҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф.

Конвенсияи мазкур дар Женева соли 1952 қабул карда шудааст. Аз ин рӯ, онро аксар вақт Конвенсияи Женева оид ба ҳуқуқи муаллиф низ меноманд. Конвенсияи номбурда таҳти сарпарастии ЮНЕСКО таҳия шудааст ва ҳоло 100 кишвар иштирокчии он мебошанд.

Муқаррароти асосии Конвенсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи муаллифии соли 1952 бандҳои зеринро дар бар мегирад:

*додани ҳуқуқи баробари муаллиф ба шаҳрвандони як давлат дар қаламрави давлати дигари иштирокчии конвенсия;

*имкони дар қонунгузории миллӣ муқаррар намудани талаботи расмӣ барои офаридани ҳуқуқи муаллиф;

*муҳлати камтарини ҳимояи амволии ҳуқуқи муаллиф дар тамоми ҳаёти ӯ ва 25 соли пас аз марги ӯ, аммо барои баъзе категорияҳои асарҳо муҳлати кӯтоҳтарро пешбинӣ менамояд;

*ба муаллиф ҳуқуқи истисноии тарҷумаи асар дода шудааст, аммо бо исрори Иттиҳоди Шӯравӣ истисноҳое мавҷуданд, ки бе иҷозати соҳиби ҳуқуқи муаллиф тарҷума кардан мумкин аст.

Ҳамин тариқ, Конвенсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи муаллиф таъсири ҳуқуқи муаллифро дар хориҷ эътироф намуда, кафолатҳо ва талаботро барои ҳимояи ҳуқуқи муаллифии байналмилалӣ мақаррар намуд. Аммо имрӯз ин конвенсия кам истифода мешавад ва бинобар ин ба матни он дар Париж соли 1971 баъзе муқаррарот ворид карда шуд.

Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ "Оид ба ҳуқуқи муаллиф". 

Аҳдномаи мазкур соли 1996 қабул шуда, имрӯз 89 кишвар узви он мебошанд. Онро баъзан ҳамчун Аҳдномаи ҳуқуқи муаллифӣ (кӯтоҳкардашуда бо АҲМ) ё Аҳдномаи ҳуқуқи муаллифӣ дар Интернет меноманд. Қонуни байналмилалӣ то соли 1996 вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи муаллиф дар хориҷи кишвар аллакай якчанд шартномаҳои универсалии байналмилалиро дар бар мегирифт. Аммо, рушди босуръати технология, пеш аз ҳама, Интернет ва коммуникатсия, андешидани чораҳои нави ҳифзи ҳуқуқи муаллифро талаб мекард. Воқеан, як аҳдномаи байналмилалӣ қабул карда шуд, ки ҳуқуқҳои муаллифонро ҳимоя менамояд.

Муқаррароти асосии Аҳдномаи СУМЗ оид ба ҳуқуқи муаллиф ба тариқи зайл дарҷ гардидааст:

* эътироф намудани қувваи ҳуқуқии Конвенсияи Берн, ки соли 1886 қабул гардидааст ва изҳор медорад, ки ягон ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳои аҳдкунандаи Конвенсияи Бернро маҳдуд намекунад;

*татбиқи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф на ба ғояҳо, ҷараёнҳо, методҳои амалкунӣ ва ё консепсияҳои риёзӣ, балки ба шакли ифодаи он;

*муҳлати ҳимояи ҳуқуқии асарҳои аккосӣ дароз карда шуд, ки он ба муҳлати ҳуқуқи муаллиф барои асарҳои илм, адабиёт ва санъат баробар гардид;

*ҳуқуқи муаллиф барои барномаҳои компютерӣ, ки ҳамчун объекти моликияти зеҳнӣ ба асарҳои адабӣ баробар карда шудаанд, эътироф шудааст.

Ҳамин тавр, Аҳдномаи СУМЗ оид ба ҳуқуқи муаллиф муқаррароти Конвенсияи Бернро такмил дод. Маҳз тавассути ин аҳднома қонуни муосири байналмилалӣ вобаста ба соҳаи ҳуқуқи муаллиф ба муаллифон имкон медиҳад, ки истифодаи ғайриқонунӣ ва нодурусти асарро дар Интернет ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ назорат ва ҳимоя намоянд.

Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ барои рушди институти ҳуқуқи муаллифӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барои ҳар як давлати дигар дорои аҳаммияти калон мебошад. Дар солҳои наздик лозим меояд, ки ба таҷрибаи байналмилалии на танҳо давлатҳои мутараққӣ бештар таваҷҷуҳ намуд, ҳатто онро таҳлил карда, проблемаҳо, хатоҳо ва хусусиятҳои минтақавиеро фаҳмида бояд ба инобат гирифт, ки бо онҳо давлатҳои зиёде дар раванди ташаккули доираи ҳуқуқи муаллифӣ дучор омадаанд.

Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи муаллифӣ ба баланд бардоштани обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини ҳимояи ҳуқуқи муаллифон мусоидат мекунад.

Саидакмал АБДУЛЛОЕВ,
ҳуқуқшинос

Бознашр аз рӯзномаи "Баҳори Аҷам"