Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 07:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар ВМКБ ҷамъбаст гардид

02.08.21.1Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон–Ватани азизи ман” дар маркази ВМКБ, вилояти Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оғоз гардид.

Аз 27 то 31 июли соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки ҳакамони озмун дар ҳайати Сангалӣ Ҳамдамзода-муовини раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (Раиси ҳакамон), Соҳиба Давлатшоева-овозхони анъанавӣ, Лаълҷубаи Мирзоҳасан-шоир, узви Иттифоқи нависандагон, Сайёди Бунёд-Сардори раёсати фарҳанги ВМКБ баргузор гардид.

Дар озмун довталабон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзида, беҳтаринҳо ба даври чуҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар ҷамъбасти озмун иштирок намуда, ғолибонро бо Дипломҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ намуд.

02.08.21.2 102.08.21.2 202.08.21.2 3