Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 08:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Идомаи чорабиниҳои фарҳангӣ дар Боғҳои пойтахт

02.08.21Бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт баргузории чорабиниҳои фарҳангро идома медиҳад.

Рӯзи 29 июли соли ҷорӣ Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо” дар Боғи фарҳангию фароғатии “Устод Рӯдакӣ”, Муассисаи давлатии “Клуби марказонидашуда”-и назди Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи “Садриддин Айнӣ”, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов дар Боғи фарҳангию фароғатии “Куруши Кабир” барномаҳои ҳунарии хешро баҳри фароғати сокинон ва меҳмонони пойтахт баргузор намуданд.

Рӯзҳои 30, 31 июл Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодии консертии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангии “Мироненко”, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Абулқосим Фирдавсӣ”, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Куруши Кабир”, Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ” дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи “Садриддин Айнӣ”, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои пойтахт дар Боғи фарҳангию фароғатии “Садриддин Айнӣ”, Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Куруши Кабир”, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Абдулқосим Фирдавсӣ” барномаҳои консертии хешро доир намуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи “Дӯстӣ” дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи “Абдулқосим Фирдавсӣ” ва Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” рӯзи 1 августи соли равон барномаҳои консертии ҳунармандону ҳаваскоронро пешкаши сокинони пойтахт гардониданд.

Барномаҳои ҳунарӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсҳои руҳнавозу дилнишин бо як шукӯҳу шаҳомати тоза баҳри истироҳату фароғати меҳмонону сокинони шаҳри Душанбе манзур гардид.

Барномаҳои консертии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то рӯзҳои баргузории Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбанд.

02.08.21.302.08.21.402.08.21.502.08.21.602.08.21.702.08.21.8