Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 07:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Семинар-машварат бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳри Душанбе

30.07.21 1

Рӯзи 30 июли соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф бо иштироки сармуҳаррирон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳри Душанбе семинар-машварат доир гардид.

Дар семинар-машварат масъалаҳои мубрами матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла пешниҳоди нусхаи ҳатмии матбуоти даврӣ ба муассисаҳои давлатие, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012,№ 453 тасдиқ шудааст, иҷрои қонунҳои соҳавӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риояи талаботи тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ВАО, таблиғи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатию миллӣ дар расонаҳо, муқовимат бо таҳоҷуми иттилоотӣ ва фарҳанги бегона дар асри ҷаҳонишавӣ, забони матбуот ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сафарзода Давлат Шариф иштирокчиёнро ба суҳбати озоду ошкоро даъват намуда, аз аҳли қалам даъват ба амал овард, то дар эҷоди хеш бештар ба фарҳангу манфиатҳои миллӣ, мазмуну муҳтавои баланд, андешаи озод таваҷҷуҳ намоянд.

Оид ба иҷрои тавсияномаи Вазорати фарҳанг ва номгӯи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорат Раҳмоналӣ Шералиев баромад намуда, рӯзноманигоронро ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва талаботи паймонҳои байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ даъват намуд.

Сардори шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста Акмал Олимшоев зимни суханронӣ иброз дошт, ки оид ба пешниҳодҳои рӯзноманигорон ҷиҳати такмили қонунҳои соҳавӣ ва мусоидати бештар ба рушди ВАО баргузор намудани мизи мудаввар бо иштироки намояндагони матбуоти даврӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, директори Академияи воситаҳои ахбори омма Саъдӣ Маҳдӣ, Сармуҳаррири рӯзномаи “СССР” Сайёди Мизроб, Сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” Рустами Ваҳҳоб дар хусуси тақвияти ҳамкории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо матбуоти даврӣ, дастгирии воситаҳои ахбори оммаи хусусию ҷамъиятӣ дар шакли пешниҳоди грантҳои давлатӣ ва кумакҳо дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ, дастгирии расонаҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ дар маъракаи обуна, риояи қоидаи имлои забони тоҷикӣ ва фасоҳати забон дар рӯзномаю маҷаллаҳо изҳори назар намуданд.

Нотиқон аз ҳамкасбон даъват намуданд, ки дар муборизаҳои иттилотии ахир, ки бар асари вазъи сиёсии минақа ба миён омадааст, боҷуръатона ва меҳандӯстона ширкат варзанд. Зеро рисолати касбӣ ва шаҳрвандии мо тақозо мекунад, ки дар ин вазъияти ҳассоси бархӯрди манфиатҳои миллию давлатӣ дар ҷаҳони муосир нақши муассир ва созанда дошта бошем. Дар амри пӯшиш додани фазои иттилоотии кишвар бо ахбори дақиқ ва фаврӣ фаъолияти муштарак ва ҳамоҳангшуда дошта бошем. Таъсис намудани клуби сармуҳаррирон ва маркази таҳлилии хабарнигорон барои баррасии авзои ҷаҳон аз заруриёти замони нав арзёбӣ гардид.

Дар анҷоми семинар-машварат муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф аз ҳозирин даъват ба амал овард, то фикру мулоҳизаҳои хешро оид ба масоили ҳалталаб ва самтҳои ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ба таври хаттӣ пешҳод намоянд. 

30.07.21 530.07.21 230.07.21 330.07.21 430.07.21 630.07.21 730.07.21 830.07.21 930.07.21 1030.07.21 1130.07.21 1230.07.21 1430.07.21 1530.07.21 1630.07.21 1730.07.21 1830.07.21 19