Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 07:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тартиби баргузории даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон–Ватани азизи ман” дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оғоз гардид, ки тартиби баргузории озмун ба таври зайл сурат мегирад.

Аз 26 то 31 июли соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон доир гардида, ҳакамон дар ҳайати Солизода Олимҷон - директори оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раиси ҳакамон), Умар Зиёев-Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, овозхони эстрадӣ, Ҳошимов Раҳматулло - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, овозхони анъанавӣ, Озар - шоир, узви Иттифоқи нависандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Қосимов-композитор, Абдуллозода Аловуддин - сардори раёсати фарҳанги вилоят иштирок менамоянд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 27 то 31 июли соли равон баргузор гардида, ҳакамони озмун дар ҳайати Сангалӣ Ҳамдамзода - муовини раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (Раиси ҳакамон), Соҳиба Давлатшоева - овозхони анъанавӣ, Лаълҷубаи Мирзоҳасан-шоир, узви Иттифоқи нависандагон, Сайёди Бунёд - Сардори раёсати фарҳанги ВМКБ ширкат меварзанд.

Аз 2 то 6 августи соли равон дар вилояти Суғд баргузор мегардид, ки ҳакамон дар ҳайати Амирбек Мусоев - Раиси Иттифоқи композиторон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (Раиси ҳакамон), Холмаҳмад Маҷидов-Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Абдувалӣ Абдурашидов - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, мутриб, Бахтиёр Иброҳимов-Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, овозхони эстрадӣ, Озарахш-шоири халқии Тоҷикистон, Бахтиёр Қосимов-Сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд иштирок менамоянд.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ноҳияҳои водии Рашт то шаҳри Роғун) бошад, аз 3 то 5 август давом ёфта, ҳакамон дар ҳайати Саидзода Фурқат - Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (Раиси ҳакамон), Қурбони Қурбониён - Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Баҳром Муродализода - муовини директори оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустам Ваҳобзода-шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ширкат менамоянд.

Аз 9 то 12 августи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (аз ноҳияи Файзобод то шаҳри Турсунзода) баргузор гардида, ҳакамони озмун дар ҳайати Хуршед Низомов-директори Маъмурияти дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раиси ҳакамон), Файзалӣ Ҳасанов - Ҳунарпешаи халқии Тоқикистон, овозхони анъанавӣ, Баҳодур Неъматов - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, овозхони эстрадӣ иштирок менамоянд. 

Дар шаҳри Душанбе бошад, аз 9 то 12 августи соли равон идома ёфта, ҳакамон дар ҳайати Саидқул Билолов - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (Раиси ҳакамон), Зокир Нишонов - композитор, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Камол Насрулло-шоири халқии Тоҷикистон, Абдураҳмон Мадхолов-мутриб, Иброҳимзода Убайдулло - оҳангсоз, муовини директори Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ, Содиқ Нуруллоев-роҳбари бадеии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, овозхони анъанавӣ ширкат менамоянд.

Холиқзода Марям
Маркази матбуоти вазорат