Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 08:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Идомаи барномаҳои ҳунарӣ дар Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе

29.07.21.2 1

Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои чумҳурӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт баргузории чорабиниҳои фарҳангро идома дод.

Рӯзи 27 июли соли равон Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии “Устод Рӯдакӣ”, Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи И. Сомонӣ” дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи “Садриддин Айнӣ” ва Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Шоҳмансур” дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Низомиддин Алишери Навоӣ” барномаҳои консертии хешро баҳри фароғати сокинон ва меҳмонони пойтахт доир намуданд.

Ёдрас мешавем, ки барномаҳои консертии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то рӯзҳои баргузории Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбанд.

29.07.21.2 2

29.07.21.2 3