Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 07:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Барномаи баргузории даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Андалеб-2021”

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2021” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардида, аз 3 августи соли ҷорӣ барномаҳои ҳунарии шуҳру ноҳияҳои мамлакат дар даври ниҳоӣ ва гулчини барномаҳои ҳунарии Фестивал дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мегардад.

Барномаҳои ҳунарии ноҳияи Ҷайҳун ва ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 3 август, ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва ноҳияи Муъминобод 4 август, ноҳияи Хуросон ва ноҳияи Варзоб 5 август, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Ваҳдат 6 август, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва ноҳияи Файзобод 7 август, ноҳияи Ёвон ва ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 август доир мегардад.

Шаҳри Панҷакент ва шаҳри Роғун 9 август, шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Турсунзода 10 август, ноҳияи Рӯшон ва ноҳияи Рашт 11 август, ноҳияи Тоҷикобод ва ноҳияи Ишкошим 12 август, ноҳияи Восеъ ва шаҳри Ҳисор 13 август барномаҳои ҳунарии хешро баргузор менамоянд.

Тамрини гулчини “Андалеб-2021” 14 август доир гашта, гулчини барнома 15 август пешкаши аҳли кишвар мегардад.

Мухлисон ва ихлосмандони ҳунарҳои мардумиро барои иштирок дар барномаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон даъват менамоем.