Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 08:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Комёбии беназири Театри лӯхтак

 2021-07-29_095336

Муассисаи давлатии “Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак” дар ду марҳилаи асосии сеюмин Ҷашнвораи байналмилалии театрии "ТЕАТР ФЕСТ" 2021-и Ҷумҳурии Булғористон иштирок намуд. Дар ҷамъбасти Ҷашнвора намоиши театр аз тарафи ҳакамон соҳиби баҳои баланд гардида, сазовори панҷ номинатсия гардид. Ин комёбӣ дар таърихи театри Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир буда, дастоварди беҳтарин барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Пирӯзии кормандони театр ва дӯсторони санъати лӯхтакро муборакбод мегӯем!



29.07.21.1 129.07.21.1 4







 

29.07.21.1 3

29.07.21.1 2