Сомонаи пешина | Шб, 26 Мая 2018 | 13:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаи таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ баррасӣ шуданд

 

12-13 феврали соли 2018 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид.

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ намояндагони вазорату кумитаҳо ва мақомоту идораҳои ду кишвар ширкат намуданд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур муовини вазири фарҳанг Музаффар Давлатзода намояндагӣ кард.

Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, фаъолияти бонкдорию молиявӣ, нақлиёт, авиатсияи гражданӣ, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо муҳимияти таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишварро ба инобат гирифта, таклиф намуданд, ки табодули таҷриба дар соҳаи санъати театрӣ ва навозандагиву сарояндагӣ бештар гардида, намояндагони ду кишвар дар чорабиниҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо, ҷашнвораҳо, семинарҳо ва ҳамоишҳои ҳар ду тараф фаъолона иштирок намоянд. 
Инчунин қайд гардид, ки ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ яке аз рукнҳои муҳими таҳкими муносибатҳои минбаъдаи ду кишвар ба ҳисоб меравад.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки масъалаи ба номи асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ гузоштани яке аз кӯча ё хиёбонҳои шаҳри Остона дар доираи риояи талаботҳои қонунгузории ҳардуҷониба дида баромада мешавад. Инчунин ташкили доскаи фахрӣ ба ифтихори аввалин узви фахрии хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон академик К. Сатпаев дар шаҳри Душанбе низ тибқи тартиби муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.