Сомонаи пешина | Шб, 26 Мая 2018 | 13:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Австралия шаби Рӯдакӣ баргузор мегардад

17 феврали соли равон дар шаҳри Брисбени (Brisbane) Австралия ҳамоиши бузургдошти сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ, ин нобиғаи ҷаҳонӣ баргузор мегардад. Ин ҳамоиш аз ҷониби созмони фарҳангии «Шаҳоб» (шабҳои ҳунар ва адабии Брисбен) дар ҳамкорӣ бо Анҷумани донишҷӯёни Донишгоҳи Гриффит (Griffith) баргузор мешавад. Дар ҳамоиш роҷеъ ба Рўдакӣ суханрониҳо сурат гирифта, хониши шеър аз ашъори устод ва сурудҳо бар ашъори шоир низ садо хоҳанд дод.
Дар кишвари Австралия муҳоҷирони зиёде аз кишварҳои форсизабон зиндагонӣ мекунанд. Онҳо ба ҷашнҳои мардумии Наврўз, Меҳргон ва Сада арҷ гузошта, ҳар сол онҳоро таҷлил менамоянд. Ҳамзабононе, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, барои донистан ва пайванди бештар доштан бо таърихи ниёгони хеш ҳар замоне ба шахсиятҳои маъруфи тамаддуни мардуми ориёитабор- Куруши Кабир, Доро, Сосониён, Сомониён, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём ва дигарон рӯ оварда, ҳамоишҳо баргузор менамоянд. Ошиқони таърихи ниёгон дар мавридҳои муносиб ба боғи Олимпики шаҳри Сиднейи Австралия ташриф оварда, ба дидори муҷассамаи Куруши Кабир меоянд.
Инак, ба мо аз кишвари Австралия аз ҷониби донишманди машҳури ҳамзабони мо доктор Ҷалили Дӯстхоҳи 85-сола, ки дар ин давлат бо ишқи фарҳанги мардуми ориёитабор зиндагӣ мекунад, навиде расид. Тибқи паёми эшон дар толори синамои Донишгоҳи Гриффит (Griffith) ба ёди гиромидошти сардафтари адабиёти форсу тоҷик, шоири беназири ҷаҳонӣ устод Рўдакӣ ҳамоиши илмӣ ва фарҳангӣ бо созу мусиқӣ баргузор мешавад.
Устод Ҷалили Дӯстхоҳ шоҳномапажӯҳ ва пажӯҳишгари фарҳангу адаб буда, муаллифи китобҳо ва мақолаҳои зиёд мебошад. Яке аз корҳои арзишманди эшон- ин таҳияи «Авесто» аст, ки бо гузориш ва пажӯҳиши эшон борҳо ба забони форсӣ ба нашр расида, соли 2001 аз ҷониби пажӯҳишгари тоҷик Муаззами Диловар ба забони тоҷикӣ низ баргардон ва чоп шуд.
Тибқи хабари устод Ҷ.Дӯстхоҳ, Рӯдакиро нахустин шоири бузурги порсигӯи ҷаҳон медонанд, ки пеш аз вай касе девони шеър надошт. Тавре ки Ҷ. Дӯстхоҳ ёдовар шудааст, профессор Ричард Фрайи таърихшинос ва бостоншиноси амрикоӣ бар он назар аст, ки Рӯдакӣ ба тағйир аз хати паҳлавӣ ба хати форсӣ нақш доштааст. Тибқи иттилои сарчашмаҳо, пажӯҳандагон бар он боваранд, ки тамоми осори ӯ беш аз як миллиону сесад ҳазор байт ва шаш маснавӣ будааст. Аммо аз ин осори зиёд фақат се қасида, рубоиҳо, қитъаҳо, ғазалҳо ва байтҳои пароканда то замони мо расидаанд, ки тақрибан беш аз ҳазор байт мебошанд.
Дар ин ҳамоиш бо ташаббуси устоди гиромӣ Ҷалили Дӯстхоҳ аз он корҳое, ки дар бораи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон анҷом дода шудаанд, гузориш таҳия мешавад. Ҳамчунин сурудҳои сарояндагони тоҷик, аксҳо аз манзараҳои Тоҷикистон, мақбараи Рӯдакӣ, намунаҳои аксҳо аз ҳунарҳои мардумии тоҷикон барои иштирокчиёни ҳамоиш ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.

Равшан РАҲМОНӢ,
профессори ДМТ
Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»