Сомонаи пешина | Пш, 16 Август 2018 | 23:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Осорхонаи Устод Садриддин Айнӣ дар Самарқанд тармим мешавад

Ба шарафи 140 – солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ тасмим гирифта шудааст, ки Осорхонаи Устод Садриддин Айнӣ дар Самарқанд тармим карда шавад. Дар ин бора рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо истинод ба яке аз фаъолони Ҷамъияти тоҷикон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Амина Шарофиддинова хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон 300 миллион сӯм, ки ба 37 ҳазор доллар баробар аст, ҷудо намудааст. Дар ин раванд ҳаводорони эҷодиёти устод ҳамчунин хоҳиш намудаанд, ки нимпайкараи ӯ, ки солҳои пеш дар назди хона – музей побарҷо буду пасон онро ба ҳавлӣ дароварданд, ба ҷойи пештарааш баргардонида шавад.
Хотиррасон менамоем, ки Хона – музейи устод Садриддин Айнӣ дар маркази қисмати қадимаи шаҳри Самарқанд, дар наздикии ансамблҳои меъмории «Регистон» ва «Гӯри мир» ҷойгир шудааст. Устод дар ин хона аз соли 1917, вақте ки аз хашми амир Олимхон паноҳ бурда буд, маскан гирифтааст. Айнӣ дар ин манзил қариб 35 сол, то оғози солҳои 50 – уми асри гузашта умр ба сар бурдааст. Минбаъд устод ба шаҳри Душанбе омада, дар пешрафти илму маориф ва фарҳанги ҷумҳуриамон саҳми босазо гузоштааст.
Хона аз ду қисм иборат аст. Қисмати аввали он охири асри XVIII – оғози асри XIX сохта шудааст. Қисмати дуюми онро устод бо рафиқонашон солҳои 30–юми асри гузашта бо дастони худашон бино кардаанд.
Осорхона ба ҳаёт ва фаъолияти илмиву адабии шоир ва нависандаи маъруфи тоҷик, мутарҷим ва адабиётшиноси варзида Садриддин Айнӣ бахшида шудааст. Он аз ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва ду дафтари кории устод иборат мебошад.
Асарҳои ҷовидонаи «Ғуломон», «Одина», «Ятим», «Мактаби кӯҳна» ва «Исёни Муқаннаъ» дар ҳамин ҷо офарида шудаанд.
Дар хона — музей метавон бо ашё ва ҷиҳози қадимию замони шӯравӣ, ҳамчунин ашёи худи устод, аз ҷумла, мизи машҳури кориашон шинос гардид.
Дар кунҷи хонаи нақшинкорӣ сандалии устод нигоҳ дошта шудааст. Айнӣ шабҳои сарди зимистон паси ин сандалӣ нишаста, мутолиа намуданро дӯст медошт. Дар меҳмонхона он кас дӯстону меҳмонони олиқадрро қабул ва меҳмондорӣ мекарданд. Ғафур Ғулом, Абдурауфи Фитрат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Ғанӣ, Миртемур, Усмон Носир, Ҳамид Алимҷон барин шахсиятҳои маъруф аз ҷониби устод дар ҳамин ҷо пазируфта мешуданд. Дар ҳавлӣ ниҳолҳои шинондаи устод қомат афрохтаанд. Ду дарахти себ, шафтолу ва ток то ҳол бороваранд.
Экспозитсияи асосии осорхонаро асарҳо ва дастхатҳои худи устод ташкил медиҳанд. Намунаи рӯзнома ва маҷаллаҳое, ки дар нимаи аввали асри ХХ бо забони тоҷикӣ нашр мешуданд, низ дар ҳамин ҷо гирд оварда шудаанд.
Ҳамчунин асарҳои ба дигар забонҳо тарҷума ва нашргардидаи устод ба маъраз гузошта шудаанд. Осорхона ҷойи дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонони ин кишвар буда, дар он зуд – зуд чорабиниҳои мухталифи адабиву фарҳангӣ гузаронда мешаванд.
АМИТ «Ховар»