Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 03:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили фарҳангӣ дар Осорхонаи ба номи З. Шаҳидӣ

10 феврали соли 2018 дар осорхонаи Ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ маҳфили фарҳангӣ оид ба муаррифӣ ва иҷрои асари «Рондо», ки аз ҷониби композитор Зиёдулло Шаҳидӣ соли 1949 эҷод шудааст, гузаронида шуд.
Асари мазкур моҳи апрели соли 1950 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаби эҷодии устод ба иҷро расида аз ҷониби тамошобинони сершумор сазовори баҳои баланд гардида буд.
«Рондо» дар тарҷума бо забони тоҷикӣ «ҳаракат дар чарх»-ро ифода мекунад. Ин тарзи махсуси эҷоди асар аст, ки дар он мавзӯи асосӣ (рефрена) якчанд маротиба такрор шуда, эпизодҳои дигари мусиқӣ иваз карда мешаванд.
Асар аз ҷониби пианинонавоз Фархундаи Олимӣ -донишҷӯи бахши якуми Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва скрипканавоз Шаҳриёр Ҳабибов - хонандаи синфи 10-уми Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев ба таври касбӣ фораму дилнишин иҷро гардид.
Дар маҳфил аҳли илму фарҳанг, мухлисони санъати касбӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.