Сомонаи пешина | Яш, 18 Феврал 2018 | 00:02
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нахустнамоиши «Ҷашн» дар театри ба номи А. Лоҳутӣ

 

Дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши «Ҷашн» манзури мухлисони мазҳака гардид.
Намоишро коргардони ҷавон Баҳром Қурбонзода аз рӯи асари нависанда А.П.Чехов, ки ба забони тоҷикӣ драматург Ҷумъа Қуддус тарҷума кардааст, таҳия намудааст.
Дар намоиш нақшҳои асосиро Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Асалбек Назриев, Саодат Азизова ва ҳунарпешагон Сӯҳроб Назарзода ва Савлатмо Ақназарова иҷро кардаанд.
Асари мазкур бо забони ҳаҷв оид ба мушкилоти гуногуни зиндагӣ нақл мекунад.