Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 03:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

АРМУҒОНИ ҲУЛБУК. Аз ин пас сайёҳони хориҷӣ аз ин мавзеъ бо дасти холӣ барнамегарданд

 

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» мағозаи «Армуғон» кушода шуд. Дар ин бора аз Мамнӯъгоҳи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, мағоза бо мақсади ҷалби бештари диққати сайёҳон ва такон бахшидан ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардидааст. Аз ин пас ҳар як сайёҳ имкон дорад, ки ҳамчун армуғон аз «Ҳулбук» туҳфае бо худ барад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки гурӯҳи занони гулдаст дар ин ҷо ба ҳунармандӣ ҷалб гардидаанд. Онҳо намунаҳои гуногуни нақшдӯзӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва дигар намуди сӯзаниҳоро пешкаши сайёҳон менамоянд. Ҳунармандони атрофи ин мавзеъ низ имконият доранд маҳсули меҳнати худро ба мағоза пешниҳод намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» дорои осорхона буда, дар он зиёда аз 5143 нигора, ки аз қасри шоҳони Ҳулбук ёфт шудаанд, нигоҳдорӣ мешаванд. Бино ба маълумоти масъулини мамнӯъгоҳ, соли 2017-ум 2761 нафар сайёҳон аз Ҳулбук дидан карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки сарчашмаю бозёфтҳои бостоншиносӣ аз пойтахти Хатлон ва шаҳри қадимӣ будани Ҳулбук шаҳодат медиҳанд. Дар ҳама давру замони мавҷудияти хеш ин шаҳр ҳамчун маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хуталони куҳан ба ҳисоб мерафт.
Ҳулбук моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан — пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8 ёдгории беназири халқи тоҷик ба силсилашаҳрҳои «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» — и ЮНЕСКО ворид ва бо ҷоизаи махсуси он қадрдонӣ карда шуд.
АМИТ «Ховар»