Сомонаи пешина | Яш, 18 Феврал 2018 | 00:02
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти мусиқии суннатӣ дар мактаби ба номи М. Атоев

12 феврали соли 2018 соати 11:30 дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев консерти мусиқии суннатӣ оғоз мешавад. 
Консерти мазкур дар партави Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад.
Дар барномаи консертӣ шогирдони синфҳои 8,9,10-и муассиса бо роҳбарии устоди худ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари Академияи мақоми Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ҳунари худро дар санъати иҷрокунандагии мусиқии классикӣ дар созҳои танбӯру рубоб намоиш хоҳанд дод.
Мақсади баргузории барномаи консертӣ эҳёи анъанаҳои асили Шашмақом, бахусус иҷрои танбӯру рубоб мебошад.
Барномаи консертӣ, ки дар ҷодаи мазкур нахустин аст, аз ҷониби Академияи мақоми Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев» ташкил гардидааст.